Ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолии кишвар, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии он, инчунин мубориза бо бемориҳои сироятиро дар қатори афзалияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиш доир ба баррасии ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баён гардид.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиши мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати тиббии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Кристофер Барретт, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Рустам Нуров, директори минтақавии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Дилором Қосимова ва роҳбарони якчанд муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки тайи ҳар муддати муайян бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ, тадбирҳои андешидашаванда ва натиҷаҳои бадастомада барномаҳои миллӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ карда мешаванд.
Дар идомаи ҳамоиш ба иштирокдорон оид ба гузаронидани Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар ноҳияҳои таҷрибавӣ навори видеоӣ пешниҳод гардида, якчанд мутахассисони соҳа доир ба ҷараёни татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Пешниҳоди Дастурамал оид ба идоракунии ҳамгироишудаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мавзӯъҳо сухан гуфтанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд






