БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Роштқалъа беморхонаи замонавӣ ва корхонаи коркарди пашм месозанд
ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони беморхонаи замонавӣ, муассисаи таълимии чорошёна, корхонаи коркарди пашм ва дигар иншоот бомаром идома дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи музкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳия дидан кард.
Ҳамзамон раиси вилоят бо соҳибони хонаҳое, ки бар асари фаромадани тарма зарар дида буданд, мулоқот намуда, барои тезонидани сохтмони хонаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилоят аз ҷараёни кишту кори баҳорӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва иншооти ноҳия дидан карда, ба роҳбарият ва масъулини сохтмонҳо барои бо сифати баланд ва сари вақт омода намудани иншоот супоришҳои ҷиддӣ дод.
Мавриди зикр аст, ки маркази ноҳияи Роштқалъа дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба пешрафт ниҳода, иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар он қомат афрохта истодаанд.
Акс: МИҲД-и ВМКБ











Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






