БОКС. Муҳаммад Аброриддинов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали нуқра шуд

Май 20, 2022 08:23

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Муҳаммад Аброриддинов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Сагадат Нурмагамбетов дар Алмаато медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон муштзанҳо аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг дар финал аз варзишгари мизбон Дамир Тойбай мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс аз рӯи 13 вазн миёни мардҳо сурат гирифта, Қазоқистон 44 медал (10 тилло, 10 нуқра, 24 биринҷӣ), Узбекистон 5 медал (3-1-1), Қирғизистон — 2 медал (0-1-1) ва Тоҷикистон — 1 медал (0-1-0) ба даст оварданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 20, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад