БОКС. Шоира Зулқайнарова чемпионати ҷаҳонро бо ғалаба оғоз намуд

Май 12, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муштзанбонуи шинохтаи тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи 3-юми Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди бокс муштзани кувайтӣ Алмутари Ноураро бо натиҷаи 5 бар 0 мағлуб намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон

Муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова дирӯз дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Туркия дар вазни то 63 кг ба муқобили муштзани кувайтӣ Алмутари Ноура рақобат кард. Сабқати муштзанон дар даври 1/32-ниҳоӣ оғоз шуда, 5 раунд идома кард. Дар ин рақобат муштзани мо аз ҳариф дида як сару гардан боло буд ва бо қарори доварон бо натиҷаи 5 бар 0 ғалаба ба даст овард. Ҳамин тавр, Шоира Зулқайнарова ба марҳилаи 1/16- ниҳоӣ баромад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонфуз 4 варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ доранд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ менамояд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа муштзанбонуи кишвари мо Сумая Қосимова дар вазни то 48 кг аз муштзани булғорӣ Севда Асенова дар марҳилаи 1/32-ниҳоӣ шикаст хӯрд. Ҳамчунин муштзани дигари кишвари мо- Миҷгона Самадова дирӯз дар вазни то 57 кг ба муқобили муштзани тайванӣ Лин Ю –Тин ноком шуд.

Имрӯз муштзани дигари кишвари мо Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кг вориди ринг мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 6 то 21 май дар шаҳри Истанбул баргузор шуда, дар он 419 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 12, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад