ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА АРМРЕСТЛИНГ. Варзишгари тоҷик Фируз Шамсуддинов бо медали тилло ба Ватан баргашт

Май 6, 2022 13:42

ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Фируз Шамсуддинов дар Чемпионати Осиё оид ба армрестлинг соҳиби медали тилло гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Чемпионати Осиё оид ба армрестлин аз 23 то 30 апрел дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, ки дар байни даҳ давлат ҷойи аввал насиби мураббии Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ аз намуди дастхобонии «Искандарӣ» Фируз Шамсуддинов гардид.

Варзишгар 5 май ба шаҳри Хоруғ баргашт ва ӯро дар даромадгоҳи шаҳр муовини раиси шаҳри Хоруғ Носир Суризода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Кишвар Амришоев, директори мактаби варзишии шаҳр Азизмамад Айдармамадов ва дигар кормандони мактаби варзишӣ ва варзишгарон пазироӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Май 6, 2022 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд