Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар заминаи муқовимат ба чолишу таҳдидҳо ва густариши равобити байналмилалии Созмон баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба фаъолияти муштараки давлатҳои «оилаи СҲШ» дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ табодули афкор намуданд. Дар ин замина, аҳамияти иқдомоти зарурӣ ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе зикр гардид.

Дабири кулли СҲШ аҳамияти таърихии натиҷаҳои саммити СҲШ-ро дар Душанбе, ки ба 20-умин солгарди таъсиси созмон бахшида шуда буд, зикр кард.
С. Муҳриддин ба Дабири кулли навтаъйини СҲШ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои расонидани мусоидати ҳамаҷониба дар ин ҷода зикр намуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






