Дар чанд кӯчаю биноҳои истиқоматии пойтахт пайомадҳои сел рафъ гардиданд

Май 23, 2022 14:39

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  21 май бар асари боронҳои шадид ва резиши жола ба якчанд ҳавливу роҳрав ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ  об ворид шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Аз ҷумла, дар кӯчаи Крупская — 2 оби борон ба таҳхонаи як сокин ворид шудааст. Дар кӯчаи Сомон оби борон ба таҳхонаи хонаҳои № 370,  371 ва 369 ворид шудаву зарар расондааст.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада гурӯҳҳои имдоди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе сафарбар шуда, ҳамроҳ бо қувва ва воситаҳои сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳолати баамаломадаро пурра бартараф  намуданд.

22 май, соати 13:21 кормандони Раёсат бо даъвати сокини кӯчаи Деҳи Боло, хонаи 248 ҳавлии ӯро аз обу лойи бар асари борони шадид воридшуда тоза карда, ҳамзамон ҳавлӣ ва таҳхонаи як сокини кӯчаи Арбобхотун, №89-ро аз обу лойқа тоза намуданд.

Дар натиҷаи бориши зиёди борон сатҳи оби канали Чоряккорон баланд гардида, об аз канал берун шуда, дар рӯбарӯӣ Мактаби байналмилалии президентӣ (дар шафати кӯчаи Каленин) ба роҳи автомобилгард ҷорӣ шуд. Инчунин дар кӯчаи Н.Махсум ҷӯйборҳои бетонии шафати роҳҳои мошингард лабрез шуда, обҳои онҳо ба зери эстакадаи маҳаллаи 82 ворид гардида, ба равуои мошинҳо монеа эҷод карданд.

Ҳолатҳои баамаломада аз ҷониби Раёсати истифодабарии роҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бартараф карда шуданд.

Ҳамзамон аз лабрези об шудани ҷӯйборҳо дар кӯчаҳои ба номи М.Турсунзода, Ш.Шоҳтемур, Ҳ. Назаров, Карамов, Меҳнат, хиёбони Рӯдакӣ, Шевченко ва Қ.Раҳимов хабар расид, ки бо ёрии кормандон ва техникаи Раёсати истифодабарии роҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ пайомадҳои он бартараф карда шуданд.

Дар боронҳои шадид ва селҳои парешону жола талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудаанд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

 

Май 23, 2022 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад