Дар Душанбе Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони пойтахт ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид. Зимни ифтитоҳи расмӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ, аз ҷумла Сарраёсати маориф ва кӯдакону наврасон – аъзои фаъоли Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ба номи Исмоили Сомонӣ маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд, соли равон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ чорабиниҳои гуногун доир карда шуда, аз ҷумла аз 26 май то 1 июни соли 2022 Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе эълон шудааст.
Дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯнамоии маҷмӯаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми якуми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз», ҷамъбаст ва ҳавасмандагардонии ғолибони олимпиадаи дуюми хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанни технология, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракати роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб- интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе 1 июни соли 2022 дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо баргузории намоиши ҳунару эҷод, бозиҳои фароғативу дилхушкунанда ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ дар Боғи кӯдакони пойтахт ҷамъбаст карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






