Дар Душанбе роҳҳои ҷалби омӯзгорон ба кор ва ҳавасгардонии онҳоро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вақте расидааст, ки мо бояд бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ — кӯдакони синни томактабӣ ва хонандагон, ба синни ниҳоии нафақа расидани омӯзгорон, тарки вазифа намудани бархе аз мутахассисон, фаъолияти омӯзгорони ғайриихтисосу ғайрипедагог вазъи воқеиро бо таҳлилҳо мушаххас ва аниқ намуда, то оғози соли таҳсили 2022-2023 тадбирҳои амалӣ андешем. Ин нукта зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баён гардид, иттилоъ доданд дар сарраёсати мазкур.
Ҷаласа бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, аъзои мушовара, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои тобеи Сарраёсати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода иброз дошт, ки баҳри аз рӯи ихтисос фаъолият намудан, ба курсҳои бозомӯзиву такмили маҳорату касбият фаро гирифтани омӯзгорону мураббиён вобаста ба синну сол, таҷриба ва собиқаи корӣ, ҷалби мутахассисони варзида ба фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ, бо кор таъмин намудан, сарпарастӣ ва ҳавасманд гардонидани мутахассисони ҷавон – хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тамоюли омӯзгорӣ бояд то оғози соли таҳсили нав корбарӣ карда шавад.
«Имрӯз моро зарур аст, ки ба неруи зеҳнии кормандони соҳаи маориф мутобиқ ба давру замон такони ҷиддӣ бахшида, ба такмили муназзами маҳорати касбии омӯзгорону мураббиён, ки талаботи кӯдак ва хонандаи муосирро қонеъ гардонида метавонад, муваффақ гардем», илова намуд мавсуф.


Дар ҷаласа масъалаҳои «Оид ба вазъи таълими фанҳои физика, алгебра, технологияи иттилоотӣ ва риояи меъёри баҳогузорӣ дар муассисаҳои таълимии №22, 23, 43, 46, 48, 75, 89 ва 113» аз ҷониби сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, «Оид ба таҳлили фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабии №45, 58, 71, 77, 132 ва 151 дар самти иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» дар шаҳри Душанбе барои соли 2022» аз ҷониби мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, таҳияю иҷрои буҷет ва таъминоти моддӣ-техникии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Абдураҳим Каримов ва «Ҷараёни татбиқи Созишномаи минтақавӣ байни Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2023» аз ҷониби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе Нигина Ҷураева, инчунин баъзе масъалаҳои мубрами соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки сифати таҳсил дар ҷамъбасти чоряки якуми соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таълимӣ ба 37,9% баробар буда, дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ 94,4%-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар чоряки дуюм мутаносибан ба 41,9% ва 96,1% баробар шуд. Дар ҷамъбасти чоряки сеюм сифати таҳсилот ба 43,4 ва дараҷаи азхудкунӣ ба 96,8 баробар буд.
Роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки дар ҷамъбасти чоряки чорум нишондиҳавндаҳои қайдгаштаро ба назар гирифта, бо таҳлили амиқ соли таҳсилро ҷамъбаст намоянд.
Дар охир муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба музокира баромада, андешаҳои худро доир ба масъалаи баррасишаванда иброз намуд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






