Дар Хуҷанд волидон барои аёдати фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбӣ раҳсипор шуданд

Май 15, 2022 09:46

ДУШАНБЕ, 15.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва волидайни наваскарон бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода  бо мақсади аёдати сарбозон ба қисмҳои низомии ҷанубу шарқи кишвар сафарбар карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар МИҲД шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Ҳадаф аз роҳандозии сафар- фароҳам сохтани дидори волидайн бо фарзандони шуҷоашон мебошад, ки ҳоло дар қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат адои хизмат намуда истодаанд.

Гурӯҳи кориро намояндагони шуъбаи фарҳанг, аҳли санъат низ ҳамроҳӣ намуданд, то ин ки дар фароҳамсозии фазои фарҳангӣ зимни мулоқоту дидорбинии волидайн бо фарзандонашон саҳм гузоранд.

Дар нақшаи гурӯҳи корӣ аёдати сарбозон дар қисмҳои низомии шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Фархор, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Хоруғ, Ишкошим ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз якуми апрели соли равон дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта,  масъулини комиссияҳои даъватӣ ва мақомоти вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хеле фаъоланд.

Маъракаи бошукӯҳи идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан давоми як моҳи ҷараён дар вилояти Суғд 55 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстону Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандӯстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Май 15, 2022 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ