Дар Хуҷанд волидон барои аёдати фарзандонашон ба қисмҳои ҳарбӣ раҳсипор шуданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва волидайни наваскарон бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода бо мақсади аёдати сарбозон ба қисмҳои низомии ҷанубу шарқи кишвар сафарбар карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар МИҲД шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Ҳадаф аз роҳандозии сафар- фароҳам сохтани дидори волидайн бо фарзандони шуҷоашон мебошад, ки ҳоло дар қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат адои хизмат намуда истодаанд.
Гурӯҳи кориро намояндагони шуъбаи фарҳанг, аҳли санъат низ ҳамроҳӣ намуданд, то ин ки дар фароҳамсозии фазои фарҳангӣ зимни мулоқоту дидорбинии волидайн бо фарзандонашон саҳм гузоранд.
Дар нақшаи гурӯҳи корӣ аёдати сарбозон дар қисмҳои низомии шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Фархор, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Хоруғ, Ишкошим ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз якуми апрели соли равон дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта, масъулини комиссияҳои даъватӣ ва мақомоти вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хеле фаъоланд.
Маъракаи бошукӯҳи идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан давоми як моҳи ҷараён дар вилояти Суғд 55 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстону Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.
Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандӯстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти вилояти Суғд








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






