Дар минтақаи Кӯлоб машқҳои ғайринақшавии пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ҷараён доранд
КӮЛОБ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон машқҳои ғайринақшавии пешгирӣ аз офатҳои табиӣ гузаронида истодааст. Давоми солҳои охир дар нимаи аввали моҳи май дар ҷануби Тоҷикистон ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ба вуқӯъ пайваста, ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти зиёд ворид менамоянд, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Дар шаҳри Кӯлоб, ки аз он чанд сой ва дарёи Ёхсу мегузаранд, мавзеъҳои осебпазир зиёданд. Барои бехатаргардонии онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин рӯз тамоми восита ва кормандони корхонаю ташкилот, сокинони деҳаҳои наздисоҳилиро ба ҳашар ҷалб намуд. Барои муташаккилона гузаронидани ҳашар ва мустаҳкам намудани соҳилҳо ҳашарчиён ва техникаи мавҷударо ба гурӯҳҳо тақсим намуда, корҳои симтӯрбандӣ ва сохтани саддҳои муҳофизатиро оғоз карданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ҷудо намуда, беш аз 40 адад техникаю механизмҳои заминкан ва нақлиёти боркашро ба мавзеъҳои осебпазир сафарбар намуд.
Тавре муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамшо Латифзода иброз дошт, “ҳамин гуна корҳои пешгирии офатҳои табиӣ дар маркази ноҳияи Темурмалик ва ҷамоатҳои деҳот гузаронида шуданд. Дар натиҷаи бориши боронҳои шадид 3-4 май дар маркази ноҳияи Темурмалик сел омада, кӯчаҳои марказиро аз лойқа пур кард, ки бо истифода аз техникаҳо ва кумаки кормандони ташкилоту корхонаҳо ин офати табиӣ бартараф ва равуои техникаю сокинон барқарор карда шуд. Дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Фархор низ корҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ташкил карда шуданд. Зеро дар ин деҳа дар натиҷаи омадани сел қубурҳои обгузар ва роҳҳои пиёдагарду мошингард аз лойқа пур шуданд ва хушбахтона, ба манзилҳои истиқоматӣ зарар нарасидааст. Дар муддати кӯтоҳ заҳбуру заҳкаш ва ҷӯйборҳою кӯчаҳо бо ҷалби сокинон тоза карданд”.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробар ташкили машқ ва гузаронидани корҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар қисмҳои низомии кумита ва зерсохторҳояш тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва дигар маҳсулоти заруриро барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ омода месозад. Дар айни замон барои сохтани саддҳои муҳофизатӣ ва дигар корҳои бехатаргардонии мавзеъҳои осебпазир миқдори зиёди тахтасангҳои гаронвазн омода ва захира карда шудаанд.
Давоми як рӯзи машқи ғайринақшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон дар 19 мавзеи осебпазир саддҳои муҳофизатӣ ва селпартовҳо барқарор ва бехавф гардонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






