Дар Рашт масъалаи ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ баррасӣ шуд

Май 21, 2022 10:42

ДУШАНБЕ, 21.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ» — таҳти чунин унвон дар ноҳияи Рашт бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамоиш доир гардид. Дар он  мутахассисони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва мақомотҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш  бо мутахассисони ҷамъоварандаи омори ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ доир ба ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ машварат гузаронида шуд.

Зикр шуд, ки дар назди Кумитаи руши сайёҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимоамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Айни замон дар асоси методологияи байналмилалӣ бо ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид  ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ тадқиқоти оморӣ дар самти сайёҳӣ  идома доранд.

Гуфта шуд, ки мавҷуд будани маълумоти омории мукаммал барои сиёсати таъсирбахши давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, қабули қарорҳои дахлдор дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба минтақаҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад.

Водии Рашт яке аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо рӯду кӯлҳои мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳҳои сар ба фалак  ва мардуми меҳмоннавозаш мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад. Солҳои охир миёни сайёҳон дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад, маҳбубияти хос пайдо намуда, ташрифи сайёҳон ба ин мавзеъҳо меафзояд.

Ҳамчунин масъулин аз ҳолати омодагии мавзеъҳо ва марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қабули меҳмонону сайёҳон дар ноҳия дидан намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2022 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд