Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи волейбол баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб миёни омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷиҳати дарёфти «Ҷоми собиқ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Санг Холназаров» Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол баргузор гардид, ки дар он дастаҳои яккачини волейболбозони омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Тавре муовини раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилояти Хатлон Исроил Шарифов иттилоъ дод, «мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур- ин дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон дар соҳаи маориф, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани омӯзгорони ҷавон ба варзиш, интихоби варзишгарони болаёқату бомаҳорат барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон мебошад».
Мусобиқаи варзишӣ дар минтақаҳои Кӯлобу шаҳри Бохтар гузаронида шуда, 21 май дар майдони варзишии ш.Бохтар бо иштироки сардори раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон ва раиси иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҷамъбаст мегардад.
Ғолибон бо мукофотҳои комиссияи тадорукотӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






