Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи волейбол баргузор гардид

Май 22, 2022 08:35

ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб миёни омӯзгорони ҷавони муассисаҳои  таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷиҳати дарёфти «Ҷоми собиқ  сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Санг Холназаров» Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол баргузор гардид, ки дар он дастаҳои яккачини волейболбозони омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Тавре муовини раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилояти Хатлон Исроил Шарифов иттилоъ дод, «мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур- ин дастгирии сиёсати  давлатии ҷавонон дар соҳаи маориф, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани омӯзгорони ҷавон ба варзиш, интихоби варзишгарони болаёқату бомаҳорат барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон мебошад».

Мусобиқаи варзишӣ дар минтақаҳои Кӯлобу шаҳри Бохтар гузаронида шуда, 21 май дар майдони варзишии ш.Бохтар бо иштироки сардори раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон ва раиси иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҷамъбаст мегардад.

Ғолибон бо мукофотҳои  комиссияи тадорукотӣ сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Май 22, 2022 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд