Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 15:27 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон зилзила ба қайд гирифта шуд. Тавре дар Хадамоти геофизикии АМИТ хабар доданд, маркази зилзила дар Ҷумҳурии Узбекистон ба қайд гирифта шуда, 6 баллро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, заминларза дар километри 173-юми қисмати ҷанубу ғарбии Душанбе, дар километри 20-уми ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон ба вуқӯъ омадааст.
Дар Душанбе қувваи зилзила 3 — 4 баллро ташкил додааст. Дар бораи хисорот ҳанӯз хабар нарасидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд






