ФУТБОЛ. «Файзканд» ва КМВА дар даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб шуданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Се бозии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 7 ва 9 майи соли равон дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан даври сеюм аст, ки пайи ҳам ба нокомӣ дучор меояд. Дастаи футболи «Истаравшан» ин навбат аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Голҳои артишиҳоро Иззатулло Рӯзиев, Шарафҷон Солеҳов, голи дастаи мизбонро Мбеке Сиябатчу Деудонӣ ба нишон расониданд.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо натиҷаи 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро бозингари дастаи «Регар-ТадАЗ» Бахтиёр Чориев кушод. Ба голи задаи ӯ футболбозони дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Доробҷон Эргашев ва Анвар Муродов бо ду гол ҷавоб доданд.
Бозӣ миёни ду дастаи вилояти Суғд – «Эсхата» ва «Равшан» (Зафаробад) мусовӣ (2:2) хотима ёфт. Голҳои дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро Дилшод Бозоров, Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, голҳои «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро Ҷаҳонгир Алиев ва Зуфарҷон Акбаралиев ба нишон расониданд.
Хотиррасон мешавем, ки ду бозии дигари даври шашум 12 май баргузор мегарданд. Дар ин рӯз дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе вомехӯранд. Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аввалин бозиашро дар мавсими имсола доир мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида буданд. Дар даври панҷум дастаи «КМВ Артиш»-и шаҳри Душанбе ба аввалин бохт рӯбарӯ гардида, дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ба як голи бозингари дастаи мизбон Шарафҷон Солеҳов кӯлобиҳо тавассути Коуасси Инносент ва Абдухалил Боронов бо ду гол ҷавоб доданд.
Дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро футболбози дастаи «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудони кушод. Бозингари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро дар Лигаи олӣ таъмин кард.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии хонагӣ дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ ба нишон расониданд. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ин давр бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баробар (0:0) бозӣ карда, пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.
Акс: ФФТ








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






