ФУТБОЛ. Имрӯз бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд

Май 18, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуда, то 22 май идома меёбанд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳам рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Як бозии дигари ҳамин давр 22 май миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор мегарданд.

14-15 май бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд.Чемпиони феълии Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ду бозӣ пайиҳам пирӯзӣ ба даст оварда натавонист. Ин навбат дастаи Виталий Левченко бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозиро мусовӣ- 1:1 анҷом дод. Ба голи задаи Ҷаҳонгир Эргашев душанбегиҳо тавассути зарбаи нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ҷавоб доданд. Дар бозии дигар дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз шуд. Қаҳрамони бозӣ Дилшод Бозоров гардид, ки аввалин хет-трикро дар мавсим иҷро кард.

Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар сафар дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ду голи Шавкат Ҳотам ва голи Амирҷон Сафаров ба дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ се хол оварданд. Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан пайиҳам ба бохти чорум рӯ ба рӯ шуд. Дастаи футболи «Истаравшан» ин дафъа аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид. Ягона голи ин рақобати ҷолибро легионер Куасси Инносент ба нишон расонид.

Ниҳоят дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар даври ҳафтум дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ягона Нуриддин Ҳамроқулов буд, ки дақиқаҳои иловагӣ ба вақти асосии вохӯрӣ — 90+3 пеналтиро ба фоидаи дастааш анҷом дод.

Натиҷаи  дастаҳо  дар  ҷадвали  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ
    Б  Ғ  М  Б  Т    И
1  «Хатлон» (Бохтар)                             7  4  3  0  9-4  15

2  КМВА(Душанбе)                                6  4  0  2  9-8  12

3  «Равшан» (Кӯлоб)                             6  3  2  1  6-5  11

4  «Файзканд» (Восеъ)                          6  3  1  2  8-9  10

5  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)          7  2  1  4  7-8   7

6  «Эсхата» (Хуҷанд)                              6  2  1  3  11-12 7

7  «Хуҷанд» (Хуҷанд)                             7  1  4  2  5-4    7

8  «Равшан» (Зафаробод)                    7  1  3  3  8-14  6

9  «Истаравшан» (Истаравшан)        6  1  1  4  7-6    4

10  «Истиқлол» (Душанбе)                  2  0  2  0  2-2

Акс: ФФТ

Май 18, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд