«ГУЛИ ҚОҚУ» ДАР «ЧОРСӮ». Театри лӯхтаки Тоҷикистон дар Фестивали дуюми байналмилалии театрҳо дар Русия ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали дуюми байналмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чорсӯ» (Перекрёсток), ки дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз 1 то 5 июн баргузор мегардад, бо намоиши «Гули қоқу» («Одуванчик») ширкат меварзад. Дар ин бора роҳбари бадеии Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе Наргис Розиқзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Муаллифи намоиши «Гули қоқу» Маҳинбону Гасанова ва коргардони таҳиягар Мунира Зоирова мебошанд ва он бо забони русӣ омода гардидааст.
«Ҳунарпешагони театри мо дар радифи дувоздаҳ кишвари ҷаҳон санъати бостонии лӯхтакбозии мардуми тоҷикро дар ин фестивали байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд», — гуфт Наргис Розиқзода.
Дар фестивали мазкур ҳунарпешагони театрҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла актёрони театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Перм, Барнаул, Ҷумҳурии Халқии Донетск, шаҳри Витебски Ҷумҳурии Беларус ва шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намоиши худро манзури тамошобинони сершумор менамоянд.
АКС: Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе









Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






