«ХАРИТАИ РОҲ». Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишнома миёни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург ба имзо расид

Май 24, 2022 08:59

ДУШАНБЕ, 24.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе маросими ба имзо расонидани нақшаи чорабиниҳои «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барои солҳои 2022-2026 баргузор шуд.

Созишномаро муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ва ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Олег Эргашев имзо намуданд. Ин созишнома ба густариши ҳамкории бародаршаҳрӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба миёни Душанбе ва Санкт-Петербург мусоидати фаъол менамояд.

Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имзои созишномаи мазкур дар доираи рисолати (миссияи) фарҳангию соҳибкории ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе, ки 23 май оғоз шуда, 26 май ба анҷом мерасад, сурат гирифт.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ва ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Олег Эргашев иброз намуданд, ки робитаҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкории судманди тарафайн миёни шаҳри Душанбе ва Санкт-Петербург дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ин мулоқотро ҷонибҳо имконияти хуб барои баррасии ҳамаи масъалаҳои ҳамкорӣ, муносиботи мутақобиланд судманд ва густариши дурнамои ҳамкорӣ унвон намуданд.


Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, сиёсиву иқтисодӣ, гардиши савдо миёни ду шаҳр, маорифу тандурустӣ ва амсоли он баррасӣ гардиданд.

Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳоло дар муассисаҳои олии таълимии Санкт-Петербург зиёда аз 1000 намояндаи Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Пешниҳод шуд, ки бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни Санкт-Петербург ва Душанбе дар заминаи ҳамкории бародаршаҳрӣ аз ҷониби маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург барои сокинони шаҳри Душанбе ҳар сол 50 квота дар бахшҳои муҳим барои таҳсил ҷудо карда шавад.


Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия яке аз аввалинҳо шуда, бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баста буд.

30 апрели соли 1999 Созишномаи нав миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 24, 2022 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад