«ҲИМОЯИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ». Дар ноҳияи Фархор дар ин мавзӯъ бо сокинону фаъолон вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолон дар мавзӯи «Ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, муовини аввали Раиси ноҳияи Фархор Раҳматхуҷа Камолзода суханронӣ намуданд.
Р. Камолзода баргузории вохӯрии мазкурро вобаста ба аҳамияти мавзӯъ ва вазъи сиёсии минтақа бисёр муҳим арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор оид ба мавзӯъҳои худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасот ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз пайваста вохӯриву суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Рудобаи Мукаррам дар хусуси арзишу ифтихорот ва муқаддасоти миллию давлатӣ ва нақши онҳо дар таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ сухан ронд.


Таъкид гардид, ки яке аз арзишҳо ё худ муқаддасоти муҳими миллати тоҷик- ин Ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ чун ғояи иттиҳоди миллат, пойдевори ҳувият, худшиносии миллӣ ва арзиши нодири халқ дар ташаккули миллат ва давлатдории миллии тоҷикон нақши бориз гузоштааст.
«Арҷ гузоштан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ яке аз шартҳои муҳими пойдории соҳибистиқлолии давлат ва ваҳдату ҳамбастагии миллат ба шумор рафта, эҳтиром ба забон, фарҳанг, рамзҳои давлатӣ ва дигар муқаддасот қарз ва рисолати ҳар як соҳибватан маҳсуб меёбад», — тазаккур дод Р. Мукаррам.
Дар хусуси илму маърифат, зарурати андӯхтани дониш, фарҳанги техникӣ ва инкишофи тафаккури шахс, ки аз арзишҳо ва омилҳои асосии рушди давлат ба шумор мераванд, Лутфия Абдухолиқзода сухан ронд.
Ӯ зикр кард, ки арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти миллӣ замоне боло меравад, ки миллат дар тамоми соҳаҳо мутахассисони касбӣ дошта бошад. Илму маърифат ва дониши баланд тафаккури шахсро рушд дода, ӯро дар баробари ғояҳои зишт ҳифз мекунад.


Мавсуф нақши ҷавононро дар арҷгузорӣ ва эҳтироми арзишу муқаддасоти миллӣ хеле баланд арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки дар замони муосир волотарин арзиш ва муқаддасоти дилхоҳ миллат- ин соҳиби давлат будан аст. Ҳамин аст, ки барои миллатҳо ватандӯстӣ ва эҳтиром ба давлатдории миллӣ яке аз болотарин муқаддасот шинохта шудааст.
Зикр шуд, ки миллати тоҷик аз азал рӯҳи озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ дошт ва ҳамин талошу муборизаҳои беамони фарзандони содиқу қаҳрамон буд, ки имрӯз миллат соҳиби давлат, забон, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ гардидааст.
Абдураҳим Холиқзода иброз дошт, ки имрӯз барои мардуми Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, қадршиносӣ, эҳтироми ҳамдигар, итоат ба роҳбар, ҳурмат аз қонун, илм омӯхтан, такмили мафкураи миллӣ ва сиёсӣ аз арзишҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
«Вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар аст, ки ба ҳифзи ин арзишҳо иқдом намояд ва барои то сатҳи муқаддасоти миллӣ боло бурдани онҳо талош варзад. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем, ки барои насли оянда заминаи дурусти рушди маънавӣ ва мафкуравӣ фароҳам оварем», — илова намуд ӯ.
Дар қисмати охири кори вохӯрӣ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан гуфта, ваъда доданд, ки муҳтавои маърӯзаҳои вохӯрии мазкурро ба самъи тамоми сокинони ноҳия мерасонанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд






