Ҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол Искандар Ҷалилов ба фаъолияти касбӣ хотима бахшид

Май 16, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳимоятгари 29-солаи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи миллии Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ба фаъолияти касбии худ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бошгоҳи футболи “Истиқлол” ба хотири Искандар Ҷалилов бозии хайрбодӣ ташкил кард. Қабл аз оғози бозии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои  “Истиқлол” – “Хуҷанд”  барои ин футболбози 29-сола роҳрави ифтихорӣ ташкил карда шу два вохӯрии мазкур барояш охирин бозӣ дар фаъолияти касбӣ ба шумор меравад.

«Дастаи миллии Тоҷикистон Искандар Ҷалиловро хеле пазмон мешавад. Вай кордон ва одами дорои хислати олист. Барояш дар фаъолияти минбаъда  барор  орзу мекунам”, — гуфт сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон Петр Сегрт.

Искандар Ҷалилов аз соли 2014  дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин муддат ӯ бо пироҳани дастаи мунтахаби кишвар 25 бозӣ анҷом додааст.

Акс: ФФТ

Май 16, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод