Ҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол Искандар Ҷалилов ба фаъолияти касбӣ хотима бахшид
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳимоятгари 29-солаи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи миллии Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ба фаъолияти касбии худ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бошгоҳи футболи “Истиқлол” ба хотири Искандар Ҷалилов бозии хайрбодӣ ташкил кард. Қабл аз оғози бозии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Хуҷанд” барои ин футболбози 29-сола роҳрави ифтихорӣ ташкил карда шу два вохӯрии мазкур барояш охирин бозӣ дар фаъолияти касбӣ ба шумор меравад.
«Дастаи миллии Тоҷикистон Искандар Ҷалиловро хеле пазмон мешавад. Вай кордон ва одами дорои хислати олист. Барояш дар фаъолияти минбаъда барор орзу мекунам”, — гуфт сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон Петр Сегрт.
Искандар Ҷалилов аз соли 2014 дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин муддат ӯ бо пироҳани дастаи мунтахаби кишвар 25 бозӣ анҷом додааст.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






