Имрӯз дар Душанбе Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои наврасони то 16-сола оғоз мешавад

Май 13, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 май дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои наврасони то 16-сола оғоз мешавад. Панҷ даста – Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои унвони беҳтарин дастаи минтақа мубориза мебаранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар арафаи оғози чемпионат дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи пеш аз мусобиқа баргузор гардид.

Дар бозиҳои чемпионати CAFA-2022 панҷ мутахассис аз Тоҷикистон кор мекунанд. Беҳрӯзи Айниддинзода комиссари ин мусобиқа таъйин шуда, Абдураҳим Бобоев доваронро назорат мекунад. Довари ФИФА Абдулло Давлатов ва ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев ва Исмоил Нуралиев ҳакамии вохӯриҳоро ба уҳда доранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Дар маҷмӯъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон.

Даври 1
13 май (ҷумъа)

18:00 – Узбекистон – Эрон

21:00 – Афғонистон – Қирғизистон

Даври 2
14 май (шанбе)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3
16 май (душанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 4
18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5
20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Акс: ФФТ

Май 13, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад