ИМРӮЗ ШОИРА ЗУЛҚАЙНАРОВА БОЗ БА САБҚАТ МЕБАРОЯД. Рақиби ӯ дар даври чорякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон-2022 маълум гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Истанбул (Туркия) бозиҳои чорякфинал баргузор мешаванд. Муштзани тоҷик низ барои роҳхат ба даври нимниҳоӣ мубориза мебарад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова 15 май дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон дар вазни то 63 кг бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳайдун Ҷионг пирӯз шуда, ба даври чорякфинал роҳ ёфт.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон 9 май дар Истанбул оғоз шуда, то 21 май идома меёбад.
Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз Точикистонро ба ҷуз Шоира Сумая Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг) ва Миҷгона Самадова (57 кг) низ намояндагӣ мекунанд. Шоира дар даври аввал намояндаи Кувайт Ҷ.Нуруро шикаст дод.
15 май варзишгари дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кг дар қувваозмоии дуюм (дар даври аввал бар Аида Санталлаи боливиягӣ пирӯз шуд) аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Виктория шикаст хӯрд. Сумая Қосимова дар вазни то 48 кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғористон) шикаст хӯрд. Миҷгона Самадова (57 кг) дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм аз ҳарифаш Юй Тин-Линг (Тайбэй) мағлуб шуда, аз ҳуқуқи давом додани мубориза маҳрум гардид.
Рақиби Шоира Зулқайнарова дар чорякфинал Парвин аз Ҳиндустон аст. Рақобати онҳо имрӯз, 16 май баргузор мешавад.
Пахши мустақими рақобатро дар канали YouTube-и Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон-2022 дидан имонпазир аст.
Маблағи умумии ҷоизаи чемпионат 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба ҷуз аз медали тилло ғолибон дар ҳар вазн 100 000 доллар дарёфт хоҳанд кард. Барандагони медалҳои нуқра 50 000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ 25 000 доллар мегиранд.
Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон соли 2001 дар Скрантони ИМА баргузор шуда буд. Баъдан Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бридҷтаун (Барбадос), Тсинхуандао (Чин), Чежу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Уде (Русия) мизбонони Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс гардиданд.
Зимнан, Мавзуна Чориева дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс соли 2012 дар шаҳри Тсинхуандаои Чин медали ягонаи Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ дар вазни то 60 кг медали биринҷиро соҳиб шуд.
Пайрав ҚОСИМ,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛО,
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






