Маҳмадтоир Зокирзода ва Олег Белоконев доир ба вусъат додани ҳамкории байнипарлумонӣ суҳбат намуданд

Май 26, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  5- 7 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, ки ҷаласаи 15-уми он  моҳи июни соли 2022 дар Минск баргузор мешавад. Ин матлабро  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Белоконев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ иброз дошт. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода  зикр кард, ки  “муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус  5 сентябри соли 1996 барқарор гардида, дар ин росто мо ба ҳамкории хуби дуҷониба ноил гардидем. Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус асосан дар чаҳорчӯби кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис ёфтааст, инчунин санадҳои қабулшудаи ду кишвар дар бахшҳои мухталифи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ муайян шудаанд”.

Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки «ман ташаббуси ҳамкасби худ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Беларус  Владимир Андрейченкоро оид  ба 14-15 июни имсол дар Минск баргузор намудани конфронси байналмилалии парлумонии «Хотираи таърихӣ»-«Ғалабаи бузург бо ягонагӣ ба даст омад» хеле қадр ва истиқбол мекунам. Мехоҳам шуморо итминон диҳам, ки дар ин конфронс ҳайати парлумонии мо, бешубҳа иштирок хоҳад кард».

Ҷумҳурии Беларус дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳим ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба манфиатдорем.

Зикр гардид, ки миёни ин ду давлат зиёда аз 90 шартномаву созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки барои рушди бомуваффақият ва амиқтар шудани ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра имкон медиҳанд.

Имкони мавҷудаи парлумонҳои ду кишвар дар пешбурди масоили ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Беларус, бахусус дар сатҳи минтақавӣ ба таври комил истифода намешавад. Дар байни тамоми самтҳои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус соҳаи гуманитарӣ, ки масъалаҳои ҳаётан муҳими фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, иттилоот ва муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро дар бар мегирад, яке аз ҷойҳои афзалиятнокро ишғол мекунад.

Робитаҳои гуманитарии Тоҷикистону Беларус фаъолона инкишоф меёбанд. Солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Беларус таҳсил мекунанд, аз ҷумла дар доираи факултетҳои муштараки таъсисдода хеле зиёд шудааст. Ҳоло дар доираи беш аз 13 созишномаи байни донишгоҳҳо робитаҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистону Беларус амалӣ мешаванд. Имрӯз дар донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсуси Беларус зиёда аз 1800 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Худи ҳамин рӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон, Роҳбари  гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Беларус Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Беларус мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки аз соли 2011 Шӯрои кории Тоҷикистон ва Беларус амал менамояд. Робитаҳои фарҳангии байниҳамдигарӣ нисбатан рушд ёфта, ҳамкорӣ  дар соҳаи маориф, илм ва тандурустӣ ба роҳ монда шудааст. Моҳи сенябри соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ факултаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус ба фаъолият оғоз намудааст. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик фиристода мешаванд.

Дар маҷмӯъ, вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар раванди мунтазами вусъатёбӣ қарор дорад. Дар он ҷараёни амалисозии кӯшишҳои тарафайни кишварҳо ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкории гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзҳои ҳарду давлат ба мушоҳида мерасад.

Акс: МН МО ҶТ

Май 26, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон ҳамоиш доир гардид
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ду қонуни мукаммал баррасӣ гардид
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба се қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҳифзи пиряхҳо омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳсуб мешавад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ 18 масъала баррасӣ карда шуд
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва робитаҳои байнипарламентӣ доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон баргузор гардид
Фаъолҷавонони шаҳри Душанбе бо фаъолияти Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад