Маъракаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон тақрибан 70 фоиз ба анҷом расид

Май 3, 2022 14:03

ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз якуми апрел иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат тақрибан 70 фоизро ташкил намуд. То ин замон 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Дар ин бора имрӯз сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тавре зикр шуд, аз якуми апрел дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта, масъулини комиссияҳои даъватӣ ва мақомоти вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардиданд.

“Бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рўзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбист, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рўзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад. Дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд”, — зикр намуд сухангӯи Вазорати мудофиа.

Миёни дигар минтақаҳои кишвар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол пешсаф буда, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват нақшаи пешбинишударо давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ беш аз 70 % иҷро намуданд. Дар ин муддат аллакай ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.


Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аст, ки ҳанўз дар рўзҳои нахустин ва давоми як моҳи ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ноҳияҳои Н.Хусрав, Ш.Шоҳин, Фархор, Балҷувон ва ноҳияи Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят қариб ба 70 фоиз баробар намуданд.

Маросими бошукӯҳи идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 55 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои Бўстону Шаҳристон ва Кўҳистони Мастчоҳ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандӯстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист, барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.

Давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки шумораи ҷавонписарони ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омада ва дорои маълумоти олӣ баҳори соли 2022 нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд мебошад.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандони мамлакат имкон доранд дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ва дар Ватани худ хизмати пуршарафи Модар — Ватанро адо намоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Май 3, 2022 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид