Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Май 8, 2022 12:49

ДУШАНБЕ, 08.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ахбори расмии намояндаи неруҳои марзбонии Толибон дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон, дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии «Панҷ», 7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 миёни қувваҳои Толибон ва гурӯҳи мусаллаҳи аъзоёни ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, якуним соат идома ёфтааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд.

Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи Толибон дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд.

Вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон муътадил арзёбӣ гардида, таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.

АКС аз бойгонӣ

Май 8, 2022 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд