Миёни мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо мақсади муайян намудани борҳои хавфнок ҳамкорӣ тавсеа меёбад

Май 26, 2022 14:14

ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Афзалияту имтиёзҳо ва мушкилот дар соҳаи назорати ҳамлу нақли бор/контейнер аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи ҳафтуми солонаи байниминтақавӣ дар доираи Барномаи глобалии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо, ки зарфи ду рӯз дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа роҳбарият ва намояндагони ваколатдори мақомоти гумруки Тоҷикистон, инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои салоҳиятдори кишварҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа масоили марбут ба пешбурди принсипҳои якпорчагӣ дар соҳаи гумрук, инчунин таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ миёни мақомоти гумруки кишварҳои минтақаро бо максади муайян намудани борхои хавфнок дар шароити вазъияти хозира баррасӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Барномаи глобалӣ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо яке аз ташаббусҳои муштараки СММ маҳсуб ёфта, соли 2004 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ҳадаф аз таъсиси он беҳтар намудани идоракунии хавфҳо, амнияти занҷираи таъминот ва содагардонии тиҷорат дар бандарҳои баҳрӣ, фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ барои пешгирии интиқоли фаромарзии молҳои ғайриқонунӣ мебошад. Дар ҷараёни ҷаласа эъломияи дахлдори муштарак қабул гардид.

Қисмҳои минтақавии барномаи мазкур барои минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Баҳри Сиёҳ ва Покистон аз ҷониби ҳукуматҳои Олмон, Канада, Амрико ва Ҷопон маблағгузорӣ мегарданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2022 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст