Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

Май 30, 2022 14:36

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон нахуст дар мулоқоти хоссаи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

Зимни мулоқот мубодилаи судманди афкор дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари дӯст барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла идомаи муколамаи созандаи сиёсии миёни ду кишвар дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду давлат дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимод ва бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ тавсеаи ҳамкории судманди миёни кишварҳо зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоту музокирот густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамкории фарогирро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, дар арсаҳои фарҳанг, маориф ва илм ва амният ҳамчун омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд.

Дар доираи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷонибҳо оид ба афзоиш додани ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин самт ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, таҳия ва татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, таъсиси Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ мувофиқи мақсад шумурда шуд.

Пешниҳод гардид, ки барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ аз баргузории намоишгоҳҳои ихтисосии маҳсулот ва ҳамоишҳои соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ва таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо сармояи муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода карда шавад. Роҳандозии ҳамкории густурда байни шаҳракҳои саноатии ду кишвар низ барои ҳарду ҷониб муфид номида шуд.

Бо дарназардошти захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон дар ҳавзаҳои энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, маъдану металлургия, кимиё, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дорусозӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ, амри зарурӣ маънидод гардид.

Дар доираи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт рушди зерсохтори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ҳамчун василаи муҳимми тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот бар нафъи кишварҳо номида шуд.

Бунёди нақби “Истиқлол” ва Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи ҳамкории созандаи ду ҷониб арзёбӣ гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳо ва вилоятҳо, рушди ҳамкории фарҳангӣ ва илмӣ, соҳаи сайёҳӣ ва роҳандозии парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар табодули андеша карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои соҳаи амниятӣ рушди ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ тақозои замон дониста шуд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаи амнияту суботи минтақа ва вазъи имрӯзаи Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ муҳокима гардид.

Масоили марбут ба амнияти минтақа, таҳаввулоти байналмилалӣ, мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, ҳамчунин ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созанда ва мавқеи ҳамдигар дар масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳо арзёбӣ карда шуд.

Дар охири мулоқоту музокирот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон 30.05.2022

Май 30, 2022 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино бинои тарабхонаи «Баҳор — Форел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино ҶДММ «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Гуруҳ»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ «Нонпаз»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Кир Родни Стармер барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин — ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонда шуданд