Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони маъмурияти сайёҳии кишварҳои СҲШ дар Тошканд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ доир гардид, ки дар он Тоҷикистонро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода намояндагӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Интизор меравад, ки дар нишаст роҳбарони соҳаи сайёҳии давлатҳои узви СҲШ тарҳи созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ-ро оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия, ташаккул ва пешбурди бренди ягонаи сайёҳии СҲШ-ро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин дар бораи таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва оптимизатсияи хатсайрҳои мавҷуда аз нигоҳи сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори гардишгарӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Дар ҳошияи вохӯрӣ Форуми байналмилали сайёҳӣ дар мавзӯи «Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои узви СҲШ: сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур яке аз платформаҳои муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар маҳсуб мешавад.
Соли 2021 чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии ҶТ








Дар Душанбе оид ба сохтмони корхонаи «энергия аз партовҳо» вохӯрӣ доир шуд
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нархи семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон– муқобили коррупсия» қадрдонӣ карда шуданд
Дар Остона ҷаласаи 12-уми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
Тоҷикистон лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби партовҳо амалӣ менамояд
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ бо мақсади ҷалби сармоя тақвият медиҳад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон қариб 9 миллион доллар афзоиш ёфтааст






