Нишасти чоруми тадорукотию ташрифотии Конфронси дуюми Душанбе баргузор гардид

Май 23, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Шараф Шерализода 20 май нишасти чоруми тадорукотию ташрифотӣ бо ҳузури роҳбарияти мақомоти узви Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июни соли 2022) баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишаст иҷрои татбиқи натиҷаи ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанбе, ки 18 майи соли 2022 таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Меҳвари мавзӯъҳои муҳокимашударо раванди омодагӣ ба танзими чорабиниҳои Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, Фестивали оби Душанбе, Марафони ҷаҳонии об, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об”, боздиди саёҳатӣ барои меҳмонони конфронс аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар ташкил дод.

Маълумоти торнамои Конфронс пайваста нав шуда, барномаи он дар https://dushanbewaterprocess.org/program/ дастрас аст.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 23, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид