ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДАИ РӮЗИ ГУЗАШТА ДАР ТОҶИКИСТОН. Аз таъсири борону шамоли дирӯза дарахтон шикаста, бомҳо канда шуданд

Май 20, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон шамоли шадид ба қайд гирифта шуда, бегоҳӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳое, назири шикастани дарахтон ва бардошта шудани боми хонаҳо бинобар боди сахт хабар расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҷумла, 19 май, соати 20:36-и вақти маҳаллӣ дар наздикии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт, воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоев, хонаи №36/3 бар асари боди шадид як дарахти азим болои мошини тамғаи «Ниссан» чаппа шуд.

Ғайр аз ин, соати 21:48-и вақти маҳаллӣ дар ҳудуди маҳаллаи Навбаҳор-2 ноҳияи Сино шамол боми як хонаи шашоёнаро ба замин зад. Дар натиҷа боми ҳудудан 500 метри мураббаъ болои 7 мошини дар наздикӣ буда сарозер шуд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба рафъи пайомадҳои ин ду ҳодиса сафарбар шуданд.

Ҳодисаҳои мазкур талафоти ҷониву хисоратӣ надоштанд.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки мошинҳои худро дуртар аз дарахтон ва биноҳои бомашон ларзону осебпазир гузоранд.

Соати 23:35-и вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар лифти хонаи №29, кӯчаи Синои шаҳри Душанбе як сокини 22 – сола дармондааст.

Кормандони имдоди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба наҷоти бонуи 22-сола шитофтанд ва дар як муддати кӯтоҳ бо истифода аз таҷҳизоти махсус ӯро аз дохили лифти харобшуда берун оварданд.

19 май, қариб соати 20:10 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави Ҷамоати Додобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба маҳаллаҳои Сайҳун ва Темурмалик сел омад. Дар натиҷа роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ қисман хароб шуд, ҳамчунин ин офати табиӣ ба системаи обёрӣ ва таҳхонаи иншооти ёрирасон низ зарар расонд.

Ҳамчунин соати 21:30 боронҳои пуршиддат боиси омадани сел дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров шуданд. Дар ҷойи ҳодиса дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия фаъолият дорад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати жолаи Кумита дар қаламрави шаҳрҳои Турсунзода, Ёвон ва ноҳияи Кӯшониён бо партоби мушакҳои зиддижола 7 ҳолати таҳдиди хатари жоларо барҳам заданд.

Ҳамзамон нисфирӯзии 18 майи соли равон, соати 12:46-и вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он 259 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 70 километр шимолу шарқи ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар қаламрави Афғонистон ҷойгир буд. Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва дар шаҳри Хоруғ 2 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

18 май, соати 17:52 сокини кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, бинои 27 ба Қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки шамоли сахт болопӯши бинои 4-ошёнаро кандаву дар ҳоли садамавӣ гузоштааст.

Барои рафъи пайомадҳои ин ҳодиса соати 17:57 гурӯҳи 1-уми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, соати 18:12 ҳолати баамаломадаро бартараф намудаанд.

Ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.

Ҳамчунин дирӯз, соати 19:20 занги дигари телефонӣ аз ҳодисае монанд ба ҳодисаи аввал хабар дод. Дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе бар асари боди шадид кариб 500 метри мураббаъ боми бинои Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.

Барои бартараф намудани пайомадҳои ин ҳодиса гурӯҳи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Бо истифода аз таҷҳизоти махсус имдодгарон хатари баамаломадаро рафъ карданд.

Ҳамин гуна ҳодисаҳо дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ рух доданд.

Дирӯз ҳамчунин кормандони Хадамоти жолаи Кумита бо партоби 58 мушаки зиддижолаи «Алазан» 16 мавзеи хатари жоларо дар қаламрави ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Кушониён ва Данғараи вилояти Хатлон бартараф карданд.

Дар натиҷа ҳазорон гектар заминҳои кишти зироати кишоварзӣ аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: КҲФ ва МГ

Май 20, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад