Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008–и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ташкилу баргузории чорабиниҳои рӯзи аввали даъват ва натиҷаҳои назарраси он маълум аст, ки бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ нахустин шуда, дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро дар рӯзи якум пурра иҷро намуданд.
Ҳамчунин шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз аввалинҳо шуда, нақшаи муқарраргардидаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро иҷро карданд.
Ҳамзамон масъулини вобаста ба маъракаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сари вақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва беҳтар намудани шароити хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Иҷрои саривақтии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ ва садоқати онҳоро ба Ватан нишон медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, 15 ноябр пурра иҷро гардид.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






