ҶОМИ ОСИЁ-2022. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар қуръакашии марҳилаи ниҳоӣ дар сабади сеюм ҷой гирифт

Май 24, 2022 08:12

ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати пурраи сабадҳои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро нашр кард. Қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқот 25 май баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар таърихи худ бори ёздаҳум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, дар сабади сеюм қарор гирифт. Ин маънои онро дорад, ки футзалбозони мо аниқ дар як гурӯҳ бо Тайланд, Тайбейи Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ намекунанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ иборат аз чаҳордастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад.

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:

 Сабади 1: Кувайт, Эрон, Ҷопон, Узбекистон.

Сабади 2: Ироқ, Лубнон, Ветнам, Баҳрайн.

Сабади 3: Таиланд, Тайбейи Чин, ТОҶИКИСТОН, Кореяи Ҷанубӣ.

Сабади 4: Арабистони Саудӣ, Индонезия, Туркманистон, Уммон.

Акс: ФФТ

Май 24, 2022 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд