ПАРИЖ-2024. Аз ҳар кумитаи олимпӣ 16 нафар имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро доранд
ДУШАНБЕ, 09.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бадминтон аз соли 1992 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид аст. Рақобатҳо миёни мардон ва занон дар алоҳидагӣ, ҳамчунин дар намуди сабқати ҷуфти омехта доир мегарданд. Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса Бозиҳои XXXIII Олимпиада баргузор мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла бадминтон ворид гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 бадминтон аз рӯи 4 мусобиқа миёни мардон ва бонувон (инфиродӣ, ҷуфт) ва сабқати ҷуфти омехта сурат мегирад.
Дар намуди бадминтон ҳамагӣ 172 варзишгар (86 нафар миёни мардон, 86 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи олимпӣ 16 нафар (8 мард, 8 зан) имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро доранд.
Барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ҳамаи варзишгарон бояд дар муҳлати интихобии олимпӣ аз 1 майи соли 2023 то 28 апрели соли 2024 ҳадди ақалл дар се мусобиқаи рейтингӣ иштирок карда бошанд. Ин ба саҳмияҳои универсалӣ ва қитъавӣ низ дахл дорад, аммо барои квотаҳои кишвари мизбон татбиқ намешавад.
166 роҳхат тариқи раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии бадминтон (BWF) тақсим мешавад, 2 варзишгари кишвари мизбон ва 4 нафар тариқи саҳмияи универсалӣ ба Париж сафарбар мегарданд.
Раддабандии олимпии Париж аз 30 апрели соли 2024 барои ҷудо кардани роҳхатҳо ба варзишгарон дар сабқати инфиродӣ миёни мардон ва занон, инчунин ҷуфтҳои мардон, занон ва омехта истифода мешавад.
Раддабандии олимпии Париж дар асоси натиҷаҳои нишондодаи варзишгарон дар давраи аз 1 майи соли 2023 то 28 апрели соли 2024 тартиб дода мешавад.
Чорабиниҳои зерин рейтингӣ маҳсуб меёбанд:
- Ҷоми Томас ва Убер
- Ҷоми Судирман
- Чемпионати ҷаҳон
- Мусобиқаҳои BWF G2 — cатҳи 1 то 6
- Мусобиқаҳои қитъавӣ G3; BWF — Challenge International, Series International & Future Series
- Чемпионатҳои қитъавӣ (инфиродӣ ва дастаӣ)
- Бозиҳои қитъавӣ — Бозиҳои Панамерика, Бозиҳои Аврупо ва Африқо (агар дар муҳлати интихобӣ иҷозат дода шуда бошанд).
- Ҳама гуна чорабиниҳои дигари байналмилалӣ, ки аз ҷониби BWF иҷозат дода шудаанд ва пешакӣ ва бо тасдиқи BWF ба тақвими мусобиқаҳои рейтингӣ дохил карда шудаанд.
Дар асоси раддабандии олимпии Париж аз 30 апрели соли 2024 35 роҳхати инфиродӣ аз рӯи ҷинс ба варзишгарон бо дарназардошти тақсимоти ҳадди ниҳоии ҷойҳо барои як КМО тақсим мешавад. Ба ин 35 ҷой барои намояндагони қитъаҳо низ дохил мешаванд. Дар намуди инфиродӣ аз ҳар панҷ қитъа ҳадди ақалл ду варзишгар интихоб мешаванд, ба шарте ки дар раддабандӣ дар ҷои то 250 мавқеъ дошта бошанд.
Дар асоси раддабандии олимпии Париж аз 30 апрели соли 2024 ҳамчунин 96 роҳхат барои сабқати ҷуфтӣ (48 ҷуфт) ба варзишгарон тақсим мешавад, бо дарназардошти тақсимоти ҳадди ниҳоии ҷойҳо барои як КМО. Ба ин ҷойҳо барои намояндагони қитъаҳо низ дохил мешаванд. Дар намуди ҷуфт аз ҳар панҷ қитъа ҳадди ақалл як ҷуфт интихоб мешаванд, ба шарте ки дар раддабандӣ дар ҷои то 50 мавқеъ дошта бошанд.
Мусобиқаи бадминтон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 5
Мардон – 2 (инфиродӣ ва ҷуфтӣ)
Бонувон – 2 (инфиродӣ ва ҷуфтӣ)
Ҷуфти омехта
Шумораи иштирокчиён
Мардон – 86
Бонувон — 86
Ҳамагӣ – 172
Тақсимоти ҷойҳо:
Тариқи раддабандии олимпии Париж аз 30 апрели соли 2024 – 166
Саҳмияи универсалӣ — 4
Квота барои кишвари мизбон – 2
Ҳамагӣ – 172
Муҳлати интихобӣ
1 майи соли 2023 – 28 апрели соли 2024
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






