Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) иштирок ва суханронӣ намуданд

Май 23, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 23.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори иҷлос ҳамчунин Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Алишахбону, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Таиланд, Гурҷистон, Индонезия, Ҷазираҳои Маршал, Бангладеш, Камбоҷа, Фиҷи, Малайзия, Самоа, Ветнам, Зеландияи Нав ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кишварҳои аъзои ЭСКАТО-ро ба муносибати 75-солагии таъсисёбии он табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз мавзӯи ҳамоиши имрӯза таҳти унвони «Рӯзномаи умумӣ барои мусоидат ба рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» истиқбол менамояд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсири буҳрони бемории ҳамагири КОВИД-19 ба иқтисоди кишварҳо, талошҳои муштарак ҷиҳати мубориза бар зидди беморӣ, коҳиш додани паҳншавии он ва идомаи пайомадҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар миқёси ҷаҳон андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо тавонистем таҳдидҳои дар натиҷаи паҳншавии КОВИД-19 зуҳуркардаро то андозае коҳиш диҳем.

Имрӯзҳо ба шарофати тадбирҳои саривақтии зиддибуҳроние, ки аз ҷониби ҳукумат ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таъсири ҳамагирӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар амалӣ карда шуданд, тамоюли эҳёи иқтисод пас аз бемории КОВИД-19 мушоҳида мегардад. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 рушди иқтисодӣ дар кишвар 9,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 4,7 фоиз зиёд мебошад.

Ба андешаи Президенти мамлакат, афзоиши талаботи истеъмолӣ, сармоягузории хориҷӣ, эҳёи раванди рушди иқтисод ва савдои ҷаҳонӣ аз омилҳои асосии мусоидат кардан ба суръати баланди рушди иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор зарурати таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти бисёрҷанбаи ҳамлу нақл, рушди инфрасохтори он, таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин низоми зеҳнии нақлиётӣ дар доираи ЭСКАТО-ро, ки метавонад кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра берун бароварда, ба як кишвари транзитӣ мубаддал созад, ба миён гузоштанд.

Барои амалисозии нақшаву барномаҳо оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об таъкид гардид, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва саҳмгузор дар ин самт, Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро 6-9 июни соли равон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузор мекунад.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳамоиши ЭСКАТО барори кор орзу карда, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамаи кишварҳои аъзои ЭСКАТО дар ҳамоиши сатҳи баланд дар Душанбе фаъолона ширкат меварзанд.

Май 23, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд