Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро ба ҳузур пазируфтанд

Май 13, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмии ҷавобӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон самти афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо буда, ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд.

Аз робитаҳои ду кишвар, бахусус муколамаи боэътимоди сатҳи олии сиёсӣ ва ҳамкории созанда изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ муҳокима гардиданд.

Зикр гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии кишвари мо буда, гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ расид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар самти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоти минтақавию байналмилалӣ масъалаи таъмини амният дар минтақа баррасӣ гардида, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқот бо Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев 13.05.2022

Май 13, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон