Петр Сегрт ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро барои тамринҳои дастҷамъӣ дар Дубай эълон кард
ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол таҳти сарварии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи миллиро барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 19 май то 3 июн дар Дубай баргузор мешавад, номбар кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон Петр Сегрт 26 бозигарро ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай даъват кардааст, ки аз ин шумор 13 нафар легионер дар Булғористон, Беларус, Қазоқистон, Эрон, Узбекистон, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш ва Туркия бозӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ, ба дастаи миллии кишвар 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Дар дархости ниҳоии мунтахаби кишвар барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 23 бозигар ворид мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон фардо, 19 май субҳи барвақт барои ҷамъомади тамринӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз мекунад.
Дастаи мо пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай ба Бишкек рафта, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» се бозӣ анҷом медиҳад. Рақибони дастаи миллии Тоҷикистон дастаҳои Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров («Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Парвиз Боқи-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Акс: ФФТ








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






