Президенти Конфедератсияи футболи Осиё бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа нимаи дуюми 5 май бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати КФО-ро ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, ноибони президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, инчунин котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов пешвоз гирифтанд.
Дар ҷараёни сафари корӣ президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ва дабири кулли КФО Датук Сери Виндзор Ҷон бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.
Илова бар ин 7 май дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти КФО ширкат мекунад.
АКС: ФФТ








ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд






