Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 23.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Чжан Минро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои СҲШ ва рафти иҷрои нақшаҳои дар ин ҷода пешбинишуда дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари СҲШ давоми 20 сол, ҳамкории кишварҳои аъзо, натиҷаҳои ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои аъзои Созмон дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда, ба Чжан Мин Дабири навтаъйини Созмон дар фаъолияти хизматиаш барору комёбӣ орзу намуданд.
Ҷонибҳо оид ба татбиқи амалии Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, Декларатсияи Душанбегии 20-солагӣ ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳои аъзои СҲШ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ муҳокима шуданд.
Ба Нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаи амалӣ оид ба рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва озуқавории пандемия дар минтақаи СҲШ, машварати вазирони саноат ва машварати вазирони энергетика, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ventolin-albuterol.com минтақавӣ, ҳамкории муштарак дар муқовимат ба терроризм, экстремизм, таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни мулоқот ҳамчунин ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






