Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев бо сафари расмӣ ба Душанбе омад

Май 12, 2022 23:00

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Маулен Ашимбаевро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҷараёни сафар Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистонро муовини ӯ, раиси Кумита оид ба молия ва буҷет, аъзои якчанд кумитаҳои Сенат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

АКС: Тоҳир САИДОВ/АМИТ «Ховар»

Май 12, 2022 23:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»