Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода: «Фазои солими ҳуқуқии кишвар омили муҳими рушди сармоягузории дохиливу хориҷист»

Май 26, 2022 17:56

ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти босамари мақомоти давлатии суди иқтисодӣ дар рушди сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкории кишвар, бешубҳа, муҳим мебошад. Фазои солими ҳуқуқии кишвар баҳри рушди сармоягузории дохиливу хориҷӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва пешрафти бахши хусусӣ омили муҳиме мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар Душанбе Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода зикр намуд.

Ҳамоиши илмӣ-амалӣ бо ташаббуси Суди Олии иқтисодӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳти унвони «Саҳми сармоягузорон дар рушди саноат: баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки  «имрӯз дар маҷмӯъ бобати дар амал татбиқ намудани муқаррароти конститутсионӣ, бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ, ки ҳадафи он аз ҷониби давлат фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар инсон мебошад, пайомадҳои назаррас рӯи кор омадаанд. Дар шароити пешрафти низоми ҳуқуқиву давлатдории миллӣ оғоз аз лаҳзаи қабули Конститутсия то ба имрӯз ҷиҳати таъмини сохтори судии мустақилу беғараз, таҳкими нақшу мавқеи суд ва баланд бардоштани обурӯву нуфузи ин мақомот дар ҷомеа дастгириву талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Самараи тадбирҷӯиҳои Сарвари давлат мебошад, ки имрӯз ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатии дорои механизми дар амал татбиқ гардидани кафолатҳои Конститутсия мебошад. Қонуни олии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф карда, тамоми самтҳои фаъолияти давлатдорӣ ва амалигардидании он ба ин муқаррарот равона карда шудааст».

Ба гуфтаи раиси Суди Олии иқтисодӣ раванди ташаккули давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон,  қонуният ва адолати иҷтимоӣ ҳокимияти судӣ ва беғараз нақши асосӣ дорад. «Дар ин ҷараён дар баробари дигар мақомоти давлатӣ суди иқтисодӣ низ муроҷиати сармоягузорону соҳибкоронро дар доираи ваколатҳои бо қонун муайянгардида баррасӣ мекунад. Аз ин рӯ фаъолияти босамари онҳо дар рушди сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкории кишвар, бешубҳа муҳим мебошад. Фазои солими ҳуқуқии кишвар баҳри рушди сармоягузории дохиливу хориҷӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва пешрафти бахши хусусӣ омили муҳиме мебошад».

Дар ҷараёни ҳамоиш зикр карда шуд, ки дар даврони истиқлол беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвари мо табдил ёфт. Давоми 30 соли соҳибихтиёрӣ шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ба маротиб зиёд гардидааст.

Ба гуфтаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, «мунтазам амалӣ намудани тадбирҳои судманд дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ба баланд гардидани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ оид ба пешбурди соҳибкорӣ замина гузошта, ҷумҳурии мо сол то сол дар ин раддабандӣ ба пешравиҳо ноил мегардад. Асоси рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар давлат ва ҷомеа аз ҷалби сармоя вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба таъмин намудани рушди соҳаи саноат мусоидат менамояд. Дар ин самт содаву шаффоф гардонидани баррасиву ҳалли муроҷиатҳои соҳибкорону сармоягузорон тавассути ҷорӣ намудани низоми элекрониву рақамӣ мақсаднок мебошад».

Ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар 2 панели ҷудогона дар мавзӯъҳои «Баррасии баҳсҳо дар марҳилаи то судӣ» ва «Баррасии баҳсҳо дар марҳилаи судӣ» идома ёфт, ки зимни он аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба мақсаду вазифаҳои барои боз ҳам беҳтар намудани фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ заминагузор муҳокимаронии озод сурат  гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвар саноат яке аз соҳаҳои муҳимтарин маҳсуб ёфта, бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчӣ бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шавад».

Бинобар ин, аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани ҳадафҳои стретегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд. Вобаста ба ин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро таъмин мекунад, ҳадафнок шуморида шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2022 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ «ОСМОНИ КУШОД». Рушди авиатсияи гражданӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Қатъномаи нави минтақавӣ оид ба муқовимат ба коррупсия бо иштироки Тоҷикистон қабул гардид
Агентии «Тоҷикстандарт : «380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд карда шуд»
Дар Токио Форуми тиҷоратии «Тоҷикистон – Ҷопон» баргузор шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ҷаласа доир шуд
Дар Хатлон ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъсиси нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ тақвият меёбад
Лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Дар Душанбе Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ифтитоҳ гардид
Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ — Ҷопон» ҳамоиши канории «Tajik-Japan Digital Business Connect» баргузор шуд
«Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингард оғоз мегардад