Сафири Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни иҷрои барномаи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Намояндаи махсуси Президенти ФР оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Д. Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз пешрафти равобити ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории фарҳангӣ дар бахши санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои осори санъати муосир, табодули академӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва муштарак, омода намудани кадрҳои касбӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.
М. Швидкой таъриху анъанаҳои ғанӣ, инчунин аҳамияти бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар арсаи фарҳангӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои бисёрҷониба зикр намуд.
Дар ин замина бо тамаркуз ба ҳамкории гуногунҷанбаи фарҳангиву башардӯстонаи ду кишвар дар чаҳорчӯби Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангиро, ки соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, хотиррасон кард.
Акс: ВКХ ҶТ








Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд






