Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором вохӯрии фосилавӣ анҷом дод

Май 11, 2022 14:18

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 май вохӯрии фосилавии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) хонум Армида Салсия баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот мусоҳибон атрофи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои самаранок доир ба рушди савдои минтақавӣ, энергетика, нақлиёт ва ҳифзи пиряхҳо табодули назар карданд.

Ҷонибҳо инчунин ҷузъиёти баргузории иҷлосияи 78-уми UNESCAP (23-27 майи соли 2022, ш.Бангкок) ва Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни соли 2022)-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 11, 2022 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд