СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. То оғози бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ду рӯз монд

Май 6, 2022 11:36

ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 8 май дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бозии   Суперҷоми Тоҷикистон-2022  бо иштироки  Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва барандаи нишонҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон — дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  баргузор мешавад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мавсими гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хотима ёфта буд. Дар ин рақобати пуршиддат голҳои дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо легионери ҳолландӣ Ҳусейн Доған дар дақиқаи 56 ва Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 60 ба нишон  расониданд. Ҳамин тавр, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ду голи беҷавоб бар дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ғалаба карда, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2021 гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бори 10-ум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. 

Натиҷаҳои ҳама бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):

2010. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол»  (Душанбе) – 0:2
2011. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ»  (Турсунзода) – 1:0
2012. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ»  (Турсунзода) – 2:1
2013. «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»  (Душанбе) – 0:5
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр»  (Ваҳдат) – 2:2. (пен.4:3)
2016. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд»  (Хуҷанд) – 3:2
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот»  (Фархор) – 1:2
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд»  (Хуҷанд) – 3:2
2019. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд»  (Хуҷанд) – 2:1
2021: «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0
2022: «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) — ?

Акс: ФФТ

Май 6, 2022 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд