ТАЭКВОНДО. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд сазовори 9 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо (WT) ба шарафи профессор Бак Мун Ҷонг сазовори 9 медал гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон, мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 21-24 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар он беш аз 1200 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 46 нафар – 36 варзишгар, 4 довар, 6 мураббӣ дар мусобиқа иштирок карда, ба гирифтани 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мушарраф шуд.
Медалҳои нуқраро Абдуҷаъфари Баҳодур (45кг), Мино Шарифова (55кг) миёни наврасон, Фарида Ғуломова (пумсе) ва Муниса Ойматова (53кг) миёни калонсолон ба даст оварданд.
Хосият Сафарова (41кг), Нурина Алиназарова (41кг) миёни наврасон, Муниса Исматова (57кг), Муҳаммадҷон Сунатов (63кг) ва Абумуталиб Мирзоев (58кг) миёни калонсолон соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд






