ТАНҲО ҲУКУМАТИ ФАРОГИР! Москва дархосташро расман ба толибон* пешниҳод кард

Май 2, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Русия пешниҳодҳояшро дар мавриди вусъати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон, ки набояд танҳо аз толибон* иборат бошад,  расман ба Кобул супоридааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилооти «Sputnik» менависад, дар ин бора 29 апрел Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти ин кишвар хабар дод.  

Толибҳоро зарур аст, иҷрои уҳдадориеро, ки ба уҳда гирифта буданд, амалӣ кунанд, изҳор дошт Сергей Лавров. Бино ба суханони ӯ, ин ваъдаи  толибҳо ташкили ҳукумати фарогир мебошад. Москва пешниҳодҳояшро дар мавриди ташкили ҳукумати фарогир аллакай ба Кобул додааст, афзуд Лавров.

Таъкид шудааст, ки намояндагони гурӯҳҳои гуногуни этникию сиёсӣ бояд вориди ҳукумат гарданд.

«Дар ин ҳукумат бояд на танҳо намояндагони гурӯҳҳои мухталифи этникию мазҳабӣ   бошанд, ҳамчунин ҳаракатҳои калидии сиёсӣ низ роҳ ёбанд», — илова намуд Лавров.

Ӯ изҳори бовар кард, ки ин раванд минбаъд аз ҷониби ҳукуматдорони нав дар Афғонистон тасреъ хоҳад шуд.

«Мо аз ин раванд ҷонибдорӣ мекунем ва он бояд тезонда шавад. Дархостҳоямон дар ин бора ба Кобул пешниҳод гардиданд. Онҳо бо тафоҳум қабул гардиданд», — гуфт Лавров.

Вазири корҳои хориҷии ФР қаблан изҳор дошта буд, ки ҳоло дар Ҳукумати Афғонистон тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо ҳам ҳастанд, аммо  қувваи асосии сиёсӣ пурра аз толибон* иборат аст.

Ӯ афзуд, маҳз фарогирии сиёсӣ дар ҳукумати толибон  бояд қадамҳои навбатии Русияро муайян кунад, бахусус бо назардошти он ки худи толибҳо чунин ҳадафро эълон кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Русия воқеан, як дипломатеро, ки мақомоти нави Афғонистон барои кор дар сафорати Москва фиристодаанд, сабти ном кардааст. Аммо ин маънои эътирофи расмии онҳоро надорад, гуфт Лавров.

Хотиррасон мешавем, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.

_________________________

*Толибон — ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

АКС аз манбаъҳои боз

Май 2, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд