Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушд дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар доираи сафари ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон, ки аз 4 то 11 май ҷараён мегирад, баргузории чорабинию вохӯриҳо вобаста ба соҳаи экология ва муҳити зист, табодули таҷриба ва эҳёи неруи ҳамкории дутарафа дар назар аст.
Ҳамзамон интизор меравад, ки намояндагони Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Узбекистон аз мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаи ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ, ноҳияҳои Шӯроободу Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози Бадахшон боздид намоянд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






