ҲУШДОРИ ОБУҲАВОСАНҶОН: То 6 май эҳтимоли омадани сел ва рух додани дигар ҳодисаҳои табиӣ зиёд аст

Май 4, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 6 май дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо бориши боронҳои шадид, раъду барқ, жола ва шамоли сахт дар назар дода шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамоли сахт мевазад. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин рӯзҳо маъмулан боронҳои шадид дар роҳҳои кӯҳӣ хатари бештар доранд, чун метавонад аз кӯҳҳо санг рехта, роҳҳоро муддате банд намояд,  ё лағжиши тарма боиси хатарҳои дигар гардад. Боронҳои шадид метавонанд сабабгори кӯчиши замин шаванд, бахусус дар минтақаҳои осебпазир одамонро зарур аст дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ эҳтимол дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар манбаъҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.

Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон равона  накунад.

Дар ҳоли рух додани ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд фаврӣ бо рақами 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо шумораҳои  93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.

АКС: КҲФ ва МГ

Май 4, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд